Саводнокии молиявӣ дар доираи ҳафтаи ҷаҳонии пул

Дар доираи созишномаи дуҷонибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” дар маҷлисгоҳи раёсати донишгоҳ вохӯрии судманд бо донишҷӯёну устодон доир гашт.

Чорабинии мазкур дар заминаи Ҳафтаи ҷаҳонии пул (GLOBAL MONEY WEEK!) доир гардида, ҳадафи ин барнома таъмин кардани донишҷӯёну ҷавонон бо дониши зарурӣ оид ба саводнокии молиявӣ мебошад. Коршиносони бонки мазкур зикр намуданд, ки аз синни ҷавонӣ банақшагирии даромад ва хароҷоти худ хеле муҳим аст, маҳз банақшагирии дақиқи буҷа ба ҳар як инсон ва махсусан насли ҷавон баҳри расидан ба ҳадафҳои молиявӣ имконият фароҳам меорад.

Дар доираи вохӯрӣ бо донишҷӯён нисбати пул, воситаҳои назорати онҳо ва низоми бонкӣ фаҳмонида шуд. Маҳз аз бар кардани саводнокии молиявӣ имконият медиҳад барои рушди худ нақшаву идеяҳои нав ба навро тарҳрезӣ намоянд.

Таъкид ба ёдоварист, ки донишҷӯёни донишгоҳ воқеан ба мавзӯи саводнокии молиявӣ таваҷҷӯҳ доранд, зеро муносибати оқилона ба пул калиди муваффақият аст!

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like