ДДҲБСТ: Оғози даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Роҳандозии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоистаест, ки дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ мусоидат менамояд.
Тибқи талаботи низомнома бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур даври якум дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз гардид. Аз рўи нақша устодону донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ дар озмун иштирок намуданд.
Иштирокчиёни озмун ба ҳайати ҳакамони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод намуданд. Ҳайати ҳакамон аз рўи холҳои гузошташуда, ғолибро муайян намуданд ва барои омодагӣ ба даври дигар роҳхат доданд.
Дар асоси нақшаи таҳия ва тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ баргузории даври аввали озмун дар сатҳи раёсат ва факултетҳои донишгоҳ то санаи 8 майи соли 2020 идома меёбад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






