Кӯрсавод
Худи Илҳом Ёқубов кист ва то кадом андоза ба Паймони миллӣ иртибот дорад? Танҳо метавон гуфт, ки ӯ тарбиятдидаи як хонаводаи «зиёӣ»-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Бо мурури замон ба доми макри Муҳиддин Кабирӣ фаромада мунтазам аз суҳбату устоду шогирдӣ бо Муҳиддин Кабирӣ он тарбияе, ки мактабу маориф ба ӯ додааст, бо «хушгӯ»-иҳои Кабирӣ ба итмом расиданд.
Дар муддати хеле кӯтоҳ ин ҷавони хуҷандӣ, ки шояд зиндагии шоҳонаву лутфу карами беҳудудро дар хоби шабаш медид, аз маблағхои хоҷагони зархариди худ ба бизнеси мошин гузашт ва дар муддати хеле кӯтоҳ ҳам карейра намуду ҳам яке аз тоҷирони муваффақ гардид. Илҳом Ёқубов, собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ки худро Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст, дар ҳар баромадҳои хеш аз он шиква мекунад, ки хостаҳои муҳоҷирин иҷро намешавад. Ба андешаи ӯ танҳо муҳоҷират хосси тоҷикон аст. Суоли нахустин ба ин «некӯхирад» он аст, кӣ ва дар куҷо ӯро роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ интихоб кард? Ба ном роҳбари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буду рӯзашро дар кишварҳои Прибалтика мегузаронд.
Имрӯзҳо Илҳом Ёқубов худро дар қуллаҳои баланд вонамуд намуда мехоҳад аз номи халҳи меҳнаткаш сухан гӯяд. Магар миёни чандин миллиона муҳоҷирони хориҷи дигар лидер ёфт нашудааст, ки Илҳом Ёқубови кӯрсавод роҳбари ин Анҷуман шавад. Ба ҳеҷ як кас ӯ иҷозат надодааст, ки аз номи ҳамин қадар муҳоҷирон фикри шахсии худро ба сари миллати мо таҳмил кунад. Ҳол он ки дар хориҷи кишвар садҳои шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ доранд ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ бағоят калон аст. Он «мушкилие», ки Илҳом Ёқубов дар суханрониаш зикр кардааст, ба фикри хонавайрони ӯ он мушкилиҳои азими фаромиллӣ пешорӯи муҳоҷирон мебошад. Ба ҳама айён аст ки он таҳо, гуруҳ – гуруҳ пайваст шудани ҷавонони муҳоҷир ба сафи ташкилотҳои террористие, ки маҳз бо сабаби нақшаҳои разилонаи Илҳом ва илҳомбаринҳо дар ин кори «хайр» нақши асосӣ дорад.
Ба Илҳом Ёқубови хоин ва зархариди хориҷиён даъват ба амал оварда мешавад, ки мисли Айёмиддин Сатторов ва дигар аъзоёни фаъоли гуруҳҳои ифротӣ ба ватани худ баргардад. То кай барои ду танга пули сиёҳ дар мусофират ҳангома мебофаду тоҷиконро сиёҳ мекунад. Худаш хуб медонад, ки даст кашидани Айёмиддин Сатторов ва дигар аъзоёни “гуруҳи 24” боиси авфи гуноҳи онҳо гардида, дар ватани худ кору фаъолият карда истодаанд.
Худи Илҳом Ёқубов шоҳиди он аст, ки Айёмиддин Сатторов дар ҷаласаи САҲА баромад карда, дар ҳузури намояндагони давлат барои якдиливу якпорчагии халқи хеш баромад кард. Дар паҳлӯи ӯ қарор доштани муҳофизони ҳукуматӣ ба он мақсад буд, ки аз ҷониби Илҳом Ёқубов барин намояндагони радикалӣ ҳадаф қарор нагирад. Зеро чунин нафарон дар солҳои нахустини истиқлолият террори фарзандони рӯшанфикри тоҷикро ҳадаф қарор дода буданд.
Ба аъзоёни хориҷии ТТЭ ҲНИ маълум менамоем, ки ба дасисаҳои Илҳом Ёқубов бовар накунанд ва ҳар чи зудтар ба ватани худашон Тоҷикистон баргарданд. Кишвари тоҷик бо бахшидани гуноҳҳои якдигар борҳо исбот кардааст, ки метавонад дар ҳамбастагӣ ҷиҳати пешбурду пешрафт кору фаъолият намояд. Танҳо ба ин раванд Илҳом Ёқубов барин шахсиятҳои тундраву ифротӣ халал ворид менамоянд.
Хушбахтона баъд аз маҳкум намудани фаъолияти ҳизб, мардуми халқи мо дар фазои тинҷу оромӣ қарор доранду озодона зиндагии шоиста доранд ва идеяи Муҳиддин Кабирӣ комилан дуруст нест, ки сохтори давлат иҷозат намедиҳад, ки мардум тоату ибодат намоянд. Баръакс имрӯз таҳти роҳбарии сарвари хирадманд, пешвои миллати тоҷик ҳамаи шароит ба хотири тоату ибодати мардум фароҳам оварда шудааст ва ё касе онҳоро маҷбур намекунад, ки донандаи ислом набошад, давлати Тоҷикистон дунявӣ аст, ба ҳамин хотир ҳам дин аз давлат ҷудо фаъолият менамуд, аммо ҳамкориҳои масъулини ҳизб бо хоҷагони беруна ва бардоштани иғвову дасиса дар байни мардум ин амали иштибоҳонаи худи масъулини ҳизб буд, ки хостанд бо ин мафкураи ғаразноки хеш чунин як амали хислати ифротгарои доштаро алайҳи ин давлати мустақилу соҳибфарҳанг анҷом доданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.
Имрўзҳо мо шукрона мекунем, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем се ҳадафи стратегиро амалӣ созем.
Мирзоҷонова М.Қ. – н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забони англисӣ ДДҲБСТ