Ҷабҳаҳои иқтисодиву молиявии саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байнидонишгоҳӣ доир гардид. Ҳамоиш “Ҷабҳаҳои иқтисодиву молиявии саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ” унвон дошта, олимону мутахассисон ва иқтисоддонҳоро ба ҳам овард. Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Ризоқул Тӯрақулов конференсияро ифтитоҳ намуда афзуд, ки бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллиро саноатикунонии кишвар унвон кардаанд.
Дар идомаи конференсия як зумра олимону мутахассисон аз донишгоҳу минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва корхонаҳои бузурги саноатӣ дар мавзӯҳои “Финансого-кридитные и внешнеэкономические механизмы индустриализации экономики Таджикистана”, “Саҳми Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар саноатикунонии кишвар”, “Мавқеи СБҲМ дар такмили низоми баҳисобгирӣ ва ҳисобот”,”Муаммоҳои асосии рушди пасобӯҳронии низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Конференсияи байнидонишгоҳии «Ҷабҳаҳои иқтисодиву молиявӣ саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ» дар бахшҳои алоҳида идома карда, мутахассисону олимон дар мавзӯҳои мухталиф баромад намуданд.
Зикр шуд, ки баргузории ин қабил конференсияҳо имконият медиҳад то олимону мутахассисон дар мавзӯҳои гуногуни иқтисоду саноати миллӣ корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом дода, ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат қадамҳои устувор гузоранд.

You might also like