Тақвияти зебоипарастии донишҷӯён

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ дар доира ҳафтаи кафедраҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар доираи ҳафтаи забони русӣ дар хобгоҳи донишгоҳ озмуни “Ҳуҷраи беҳтарини донишҷӯён” гузаронида шуд. Зимни баргузории озмуни мазкур роҳбарияти факултети молия ва аъзои ҳакамон аз ҳуҷраҳои донишҷӯён дидан намуда, бо шароиту имконият аз наздик шинос шуданд ва ба ҳуҷраҳои донишҷӯён баҳогузорӣ карданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз онҳо аз китобхонаву толорҳои хобгоҳ ва маҳфилҳои доимамаллкунанда дидан карданд. Сипас, дар толори китобхона сӯҳбати озоду ошкоро доир гардида, ҳадафи баргузории озмуни “Ҳуҷраи беҳтарини донишҷӯён”  тозаву озода нигоҳ доштани утоқу ҳуҷраҳои хобгоҳ,  ба зебоипарастӣ ҷалб намудани донишҷӯён, густариш бахшидани маҳфилҳои мухталиф арзёбӣ карда шуд.

Дар доираи ҳафтаи забони русӣ дар донишгоҳ баргузории чорабиниҳои гуногун идома дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like