Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани  сифати таҳсилот,  таҳияи  барномаҳои гуногун ва самаранок истифода намудани технологияҳои инноватсионии муосирро таъкид медоранд.  Дар иртибот ба ин  раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои судманд мунтазам ҷавононро барои иштирок  ба озмуну олимпиадаҳо омода менамояд.  Аз ҷумла, бо ташаббуси Фонди миллии дастгирии инноватсионии Федератсияи Русия дар соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирии ҳаракати олимпиадаҳои байналмилалӣ, аз санаи 2 то 5 март дар донишгоҳ даври якуми Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён аз фанҳои иқтисодиёт, информатика ва математика баргузор гардид. Ба чорабинии мазкур зиёда аз 300 нафар донишҷўёни донишгоҳ номнавис шуда, сатҳи донишазудкунии худро дар сатҳи байналмилалӣ санҷиданд.

Дар натиҷа, чор нафар донишҷўёни донишгоҳ Турғунов Рауф-донишҷўи курси 3-юми ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети инноватсия ва телекоммуникатсия, Кодиров Исломиддин – донишҷӯи курси 1 ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонии факултети бизнес ва идоракунӣ, Маризоев Далер ва Турсунова Сабрина донишҷўёни курси 2-юми ихтисоси кори бонкии факултети молия аз фанни математика ба даври дуюми интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюми Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён, ки  дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва охири моҳҳои март ва апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, донишҷӯёни зикргардида ширкат хоҳанд кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like