Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар
Тайи солҳои охир бо ташаббус ва таваҷҷўҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи занони роҳбарикунанда бештар гардида, мақому манзалати зан-модар дар кишвар боло рафтааст, иброз намуд ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода дар чорабинии бошукўҳи донишгоҳӣ, ки ба Рӯзи модар бахшида шуда буд. Қайд гардид, ки Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, дастур доданд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин замина сафи занон дар донишгоҳ низ дар қиёс ба солҳои қаблӣ бештар гардидааст ва саҳми онҳо дар тарбияи донишҷӯён бағоят чашмрас аст. Дар идомаи чорабинӣ олимаи барўманд Назира Ғаффорӣ занону бонувони донишгоҳро бо идашон шодбош намуд.
Аз ҷониби ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода ба занони собиқадор, ки дар донишгоҳ фаъолияти назаррас кардаанд, маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи модар аз ҷониби дастаи “Хушдилон”-и донишгоҳ доир ба фаъолияти занону бонувони донишгоҳ озмуну виктаринаҳо, аз ҷониби дастаҳои ҳунарии донишгоҳ шеъру суруд ва саҳнаҳои тарбиявӣ, ки чашмаи меҳру фаво будани зан-модарро инъикос менамояд, манзури аҳли нишаст гардида, Рўзи модар бо шукўҳ ва хотирмон таҷлил гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа










