Таҷлили рӯзи матбуот дар ДДҲБСТ

Имрӯз санаи 4 марти соли 2020 дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот ба ифтихори иди касбии рӯзноманигорон бо қарори Раиси вилояти Суғд, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз кард, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб карда, ба соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир мегардад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлили Рўзи матбуот баёнгари ин гуфтаҳост.
Илова гардид, ки воқеан васоити ахбори омма сипари боэътимоди давлат, дастгоҳи тавонои хабарӣ, муҳофизи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлат, ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа, тарғибгари арзишҳои волои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат ба нақши матбуот чунин баҳо додаанд: «Имрўз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, кафолати таъмини фазои интихоби дурусти мавқеъ ва имкониятҳои васеъро муҳайё месозад».
Дар идома рӯзноманигорони варзида Карими Шариф – собиқ сармуҳаррири рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ, котиби масъули Созмони журналистони вилоят, мушовири Раиси вилоят, Толиби Озарахш – шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи “Паёми Суғд”, Бобоҷон Икромов- собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нависанда, рўзноманигор, дорандаи Ҷоизаи Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, Исҳоқҷон Зокиров – сармуҳаррири рўзномаи вилоятии “Согдийская правда” суханронӣ намуданд.
Шоистаи қайд аст, ки ҷомеаи демократӣ ба васоити ахбори омма ва фаъолияти пурсамари рўзноманигорон ниёзманд аст. Афзоиши шумори нашрияҳо, ки бо риояи гуногунандешӣ дар кишвар сурат мегирад, баёнгари он аст, ки дар мамлакат ба арзишҳои демократӣ арҷ гузошта мешавад.
Рўзноманигорон дастрасии ахбор, инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рўйдодҳои ҳамарўза ба ҷомеаро рисолати аслии хеш меҳисобанд. Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳанўз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рўзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рўзнома надорад, гуё забон надорад». Матбуот қувваи бузург буда, қодир аст, пеши роҳи cap задани ҳама гуна падидаҳои номатлубро гирад, барои боло бурдани обрўю эътибори Ватани азизамон дар сатҳи байналмилалӣ саъю талош намояд.
Сипас, донишҷӯёни донишгоҳ ба собиқадорони матбуот саволҳо пешниҳод намуда, посух гирифтанд.Дар интиҳо ба истиқболи Рӯзи матбуот рӯзноманигорон ва як зумра кормандони донишгоҳ бо туҳфаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур интиқол аз таҷрибаи рўзноманигони собиқадор дар рушди мактаби рӯзноманигорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ба ҳисоб меравад.

 

You might also like