Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ДДҲБСТ
Дирӯз ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мудири шӯъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолии Федератсияи Русия Сидоров Станислав Геннадевич ташриф овард. Меҳмонро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович қабул намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси устодони ДДҲБСТ дар Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, ҳамкорӣ дар ҷараёни омода намудани барномаҳои муштарак, ҷалб намудани ҳатмкунандагони донишгоҳ барои таҳсил дар магистратура ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар роҳбарии илмии муштарак ба рисолаҳо баррасӣ гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа