Табодули донишҷӯён-қадами устувор ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ

Дар  толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии иштирокчиёни барномаи табодули донишҷӯён  дар соли таҳсили 2019-2020 ба Ҷумҳурии Қазоқистон, донишгоҳи Нархоз (Алмато) ва Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёв (Нурсултон) бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавриди  имкониятҳҳои таҳсил дар хориҷи кишвар баргузор гардид. Вохӯриро муовини роектор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и.. профессор Бобоҷонов Д.Д. ифтитоҳ намуда, оид ба ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи барномаи табодул сухан кард.

Сипас, донишҷӯёни курси 2, ихтисоси 1-24.01.01 ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ – Дилафрӯз Раҳимова, Шоҳруҳ Солеҳов ва Фирдавс Дадоҷонов аз раванди таҳсили худ дар Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёв ҳарф заданд. Ҳамчунин, донишҷӯи курси 2 ихтисоси 1-23.01.01- муносибатҳои байналмилалӣ Алиҷон Раҳимов перомуни таҳсили худ дар Донишгоҳи Нархоз маълумоти муфассал дод. Дар қисмати ҷамбастӣ мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дотсент Ҷӯраев А.Х. аз таҷриба ва фаъолияти  худ дар мавриди бастани шартномаҳои дутарафа бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози назар кард.

Донишҷӯён-иштирокчиёни барномаи табодул пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва шаҳсан ба ректори донишгоҳ Шарифзода Мӯъмин Машокир ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ изҳори сипос намуданд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштирок дар барномаи табодули донишҷӯён мусоидат намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like