Сад қадам дур аз афкори пучи наҳзат
Ҳокимият ин воситаи амалигардонии барномаҳои сиёсие мебошад, ки ба манфиати ин ё он гурўҳи ҷамъиятӣ хизмат менамояд. Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми ба таври расми фаъолият доштанаш чӣ мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!. Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузори қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард.
Агар нисбати худи Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ў ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурўшад. Чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў айни ҳол намаки маҳбусиро меҷашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағхои муайян фурўхта, маҳз бо дастгирии молиявии хоҷагони худ мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Аммо, хушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат ва дигар сохторҳои қудративу низоми боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.
Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернети мехонему тамошо мекунем, ки Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфурўш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрўзаи давлатро зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.
Изҳороти Ҳоҷибоева М.А. – сармуаллимаи
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ