Изҳороти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир оид ба авзои кунунии ҷаҳон
Сафари муовини якуми котиби давлатии ИМА Элис Уэллс рӯзҳои 6-7 январ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарон ва намояндагони сохторҳои гуногуни Тоҷикистон – вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқот карда, вазъи кунунӣ ва масъалаҳои ҷории таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА- ро баррасӣ карда шуда ҳамкории дўстонаи ду давлат Тоҷикистон ва ИМА-ро нишон медиҳад.
Ва яке аз максадҳои асосии ҳамкори ин мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад, ки ба назари мо, бояд ҳамчун таҳдиди кушоду мустақим ба амнияти аҳолии Тоҷикистон баррасӣ карда шавад. Дар давраи ҷанги иттилоотӣ, ки яке аз воситаҳои муосири сарнагунии сохти конститутсионӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон аст, мо бояд ба ин таҳдидҳо муқовимати ҷиддӣ бахшем, барои он, ки имрўз сиёсати пеша кардаи мардуми тоҷик баҳри зиндагии осоиштаи ҷавонони имрўза аст. Ва мо имрўз хурду калон вазифадор ҳастем, ки хизматҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем ва ҳамдами он кас бошем.
Аҳли устодони кафедраи фанҳои
риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ