Саҳми Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти минтақавӣ саҳми назаррас дорад. Дар шароити муосир ҳар гуна гуруҳҳои террористиву экстремизмистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар омилҳои номатлуб ба амнияти минтақавӣ таҳдид менамоянд.
Ҷиҳати пешгирии ин таҳдидҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020»-ро қабул намудааст, ки воситаи муҳим баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир, аз ҷумла бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияти минтақа вобаста ба авзои ноороми сиёсии Афғонистон бо созмонҳои бонуфузи минтақавӣ, ба мисли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ҳамчун сохторҳои таъминкунанди амнияти минтақа фаъолият доранд, ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии хеш ҷонибдори сиёсати сулҳҷӯёна мебошад.
Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ҳукмфармо аст. Ҳукумати Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа зуҳуротҳои номатлуби замони муосирро маҳкум менамоянд ва намегузоранд, ки осмони софу беғубори Ватани азизамонро ягон падидаи номатлуб халалдор созад.
Изҳороти Муртазоқулов М. – н.и.и, дотсенти
кафедраи технологияи иттилоотиву
коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ