Баргузории ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонони  ДДҲБСТ

Имрӯз санаи 19 феврал дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонони  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади таъсиси намояндагии филиали  Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд. Дар кори ҷаласа ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода ва муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Замира Мансурова иштирок намуданд.

Сарвари донишгоҳ ба иштирокчиён  нахуст аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон  ёдовар гардид.

Сипас, мудири бахши ҷавонони донишгоҳ Мирзоҷон Мирзобаев  оид ба фаъолияти шашмоҳаи бахши ҷавонони донишгоҳ маълумот дод. Иброз гардид, ки иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявию вилоятӣ назаррас мебошад. Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷўи сол-2019” – Дилфуза Хоҷаева, озмуни вилоятии “Донишҷўи сол-2019”- Нозила Каримова байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар самти варзиш низ дастовардҳои донишҷӯён назаррас баён гардид. Соли 2019 донишҷўёни донишгоҳ Икромов Седиброз Иброҳимҷонович – донишҷӯи курси 3 факултети ҳуқуқшиносӣ дар  мусобиқаи Осиёӣ аз рӯи намуди гӯштини самбо дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ иштирок намуда сазовори ҷойи якум ва медали тиллои мусобиқа ва чандин нафари дигар аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои минтақавиву байналмилалӣ ғолибият ба даст овардаанд.

Дар қисмати дигари ҷаласа барои беҳтар намудани фаъолияти бахши ҷавонон қарорҳои дахлдор қабул гардида, иштирокчиён дастаҷамъона ҳамовозӣ намуданд.

Дар интиҳо ба донишҷӯёни фаъол Сипосномаҳо ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like