ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ АЪЗОГӢ БА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба як гурӯҳ донишҷӯён шаҳодатномаҳои аъзогӣ ба Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм тақдим карда шуданд.
Шаҳодатномаҳои мазкурро муовини ректор оид ба иқтисодиву молиявӣ Амонов Аминҷон ва раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳ Илёс Умаматов дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯён супориданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки шомил гардидани донишҷӯён ба сафи иттифоқи касаба барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷалби фаъолонаашон ба ҳаёти ҷамъиятии Донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин иқдом дар самти таҳкими робитаи иттифоқи касаба бо донишҷӯён ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муҳим арзёбӣ мегардад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like