БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ОНЛАЙНӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТОМСК

24 октябри соли 2026 дар доираи ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Томск вохӯрии онлайн баргузор гардид.
Вохӯрӣ мутобиқи шартномаи баимзорасида байни ду муассисаи таҳсилоти олӣ оид ба ташкили дарсҳои иловагӣ ва санҷиши сатҳи донистани забони русӣ баргузор шуда, ба тавсеаи имкониятҳои омӯзишӣ ва истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ равона гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндагони Донишгоҳи давлатии Томск ба омӯзгорону донишҷӯён тарзи истифодаи платформаи омӯзишӣ, имкониятҳои он ва тартиби гузаштани санҷиши сатҳи донистани забони русиро муаррифӣ намуда, оид ба ҷанбаҳои амалии истифодаи он маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи мониторинг ва сифати таҳсилот, дотсент Тоҷзод Д.Ҳ., мудири кафедраи забон ва адабиёти рус, дотсент Негматова М.М. ва дотсенти кафедра Сатторова Ф.М. иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки роҳандозии чунин ташаббусҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳи донистани забони русӣ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like