Баргузории маҳфили илмӣ – тарбиявӣ бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  таҳти унвони “Мавлоно ва ҷаҳони муосир”

Арҷгузорӣ ба кору пайкор ва мероси гаронбаҳои шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва суханварӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, дар  самти густариши фарҳангу маънавиёти ҷомеа, тарбияи насли имрӯзу оянда баҳри ҳифзу гиромидошти ҳофизаи таърихӣ ва фарҳангу маданияти пурғановати аҷдодӣ муҳим арзёбӣ мешавад.

Тавре Пешвои миллат таъкид медоранд, «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст. Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон бахусус дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд “.

Маҳз арҷгузорӣ ба шахсият ва осори бузургу мондагори ин нобиғаи миллати тоҷик аст, ки ҳамасола  30 сентябр дар кишвар Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар ин радиф,  дар Китобхонаи  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва  китобхонаи илмии Донишгоҳ, бахшида ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили илмӣ- тарбиявӣ  таҳти унвони «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» баргузор гардид.

Чорабиниро директори Китобхонаи Донишгоҳ Гулнора Ҳайдарова ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба моҳияти бузургдошти ин суханвари мумтоз, нақши осори мондагори ӯ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии башарият муфассал ибрози андеша намуд.

Дар идома, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Дилрабо Раҳматова таҳти унвони “Инсоншиносӣ дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ”, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Дилафрӯз Саломова дар мавзуи “Ҷойгоҳи ахлоқ ва инсонгароӣ дар ашъори Мавлоно”, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Умеда Мамадҷонова дар мавзуи “Тасвири камолоти маънавии инсон дар “Маснавии маънавӣ” –и Мавлоно Балхӣ”, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-02.03.01 Кароматхон Яриева дар мавзуи “Зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён  намунаҳо аз эҷодиёти ашъори ноби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қироат гардид.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like