Оғози спартакиадаи вилоятӣ дар ДДҲБСТ
28 сентябри соли 2026 дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи иттифоқҳои касаба спартакиадаи варзишӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи спартакиада раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Самизода ва муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аминҷон Амонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад таъкид гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат таваҷҷўҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлили Рўзи омўзгорон ифодагари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн иди онҳоест, ки тамоми талошҳои пайгиронаашонро ба кори наҷибу пуршараф – тарбияи наслҳои ояндасози халқу миллат бахшида, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд.
Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузургарзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа, ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсонӣ номидаанд.
Сарвари давлат ба рисолати омӯзгор – афрӯзандаи чароғи илму ирфон баҳои баланд дода, таъкид намудаанд: «Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд». Ин баҳои баланди Пешвои миллат ба фаъолияти вусъатбори Шумо – устодону кормандони донишгоҳ иртиботи қавӣ дорад.
Бояд гуфт, ки рисолати Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар корманд мебошад.
Ҳамзамон варзиш яке аз омилҳои муҳими тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ ва боло бурдани руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ба шумор рафта, баргузории чунин чорабиниҳо барои ҷалби бештари ҷавонону кормандон ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд, зикр намуд Амонов А.
Дар доираи спартакиада кормандони соҳаи маориф аз рӯи чор намуди варзиш — шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз ва волейбол байни ҳам рақобат намуда, маҳорати варзишӣ ва омодагии хуби худро нишон доданд.
Тибқи иттилоъ, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














