Баргузории конференсияи илмию амалӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакӣ»
22 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Фурқат Ҳомидзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ – таҷлили сухан, ҳикмат ва фарҳанги оламшумули тоҷик аст. Устод Рӯдакӣ бо мероси гаронбаҳои худ поягузори адабиёти классикии мо маҳсуб меёбад.
Сипас, маърӯзаҳои илмии устодону донишҷӯёни Донишгоҳ, д. и. т, профессор, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон дар мавзуи «Нақши таърихии Рӯдакӣ дар фазои давлатдории Сомониён», н. и. ф., дотсент, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Шавкат Рустамов таҳти унвони «Манбаъҳо ва сарчашмашиносии осори мондагори Рӯдакӣ», н. и. ф., дотсент, мудири нашриёти “Дабир” Нурихон Охунҷонова дар мавзуи “Ситоиши ҳунари суханварӣ ва шахсияти Рӯдакӣ аз ҷониби шоирону олимони адабиётшиноси асримиёнагӣ”, н.и.ф., дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Муқаддас Каримова бо номи “ Сабки эҷод ва маҳорати суханварии Рӯдакӣ», донишҷӯи курси 1, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Сумайа Сатторова дар мавзуи “Ҳикматҳои Рӯдакӣ ва аҳаммияти тарбиявии онҳо” баромад намуда иброз доштанд, ки камоли забону адаби тоҷик аз осори ӯ ибтидо мегирад.
Дар анҷом, донишҷӯён шеърҳо ва порчаҳоро аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ қироат намуданд.
Ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон баргузор шуда, дар сатҳи баланди фарҳангӣ анҷом ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


















