Натиҷаҳои назаррас ва пешрафтҳои муҳими фаъолияти ДДҲБСТ

31 июли соли 2026 дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Дар кори нишаст мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, намояндагони воситаҳои ахбори омма, роҳбарияти Донишгоҳ ва масъулини сохторҳои он иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор зимни ифтитоҳи нишаст иброз дошт, ки фаъолияти Донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва инноватсия, рақамикунонии раванди таълим, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

Зимни ҳисобот қайд гардид, ки муҳимтарин рӯйдоди давраи ҳисоботӣ ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ва ифтитоҳи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Марказ, ки 29 марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, дорои толори маҷлис барои 720 ҷойи нишаст, толори шурои диссертатсионӣ, осорхонаи донишгоҳ, маркази зеҳни сунъӣ, IT Park ва дигар инфрасохтори муосир буда, барои рушди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар Донишгоҳ 6 факултет ва 30 кафедра фаъолият дошта, раванди таълим аз рӯйи 49 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Барои соли таҳсили 2026–2027 бошад, иҷозатнома барои омода намудани мутахассисон аз рӯйи 52 ихтисоси бакалавр, 10 ихтисоси магистратура, 17 ихтисоси аспирантура ва 14 ихтисоси докторантура (PhD) мавҷуд мебошад. Имсол бори аввал қабул аз рӯйи ихтисосҳои нави «Сиёсати берунӣ ва дипломатия», «Танзими ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия» ва «Зеҳни сунъӣ» ба роҳ монда шуд.

Таъкид гардид, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2026–2027 ба 97,3 фоиз иҷро гардида, дар Донишгоҳ имрӯз зиёда аз 8200 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 1825 нафар аз рӯйи ихтисосҳои самти омӯзгорӣ таҳсил менамоянд. Бо мақсади густариши ин самт аз соли таҳсили нав факултети «Филологӣ-педагогӣ» таъсис дода шуд.
Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин аз дастовардҳои Донишгоҳ дар самтҳои илм, инноватсия, рақамикунонӣ, фаъолияти байналмилалӣ, тарбия, варзиш ва рушди инфрасохтор маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зикр шуд, ки дар соли таҳсили 2025–2026 омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳ даҳҳо китобу дастурҳои таълимӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, ба нашр расонида, як қатор дастовардҳоро дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ ба даст оварданд.
Қайд гардид, ки робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ низ густариш ёфта, теъдоди созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои дохилию хориҷӣ ба 158 адад расидааст. Дар доираи барномаҳои табодули академӣ беш аз 70 нафар донишҷӯён нафар донишҷӯён ва наздик 40 нафар омӯзгорон барои таҳсил, такмили ихтисос ва иштирок дар конференсияҳои илмӣ ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ сафар намуданд.
Дар қисми дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои ба кор таъмин намудани хатмкунандагон, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, табодули академӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, нақшаи қабул, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳ саволҳо пешниҳод намуда, аз роҳбарияти Донишгоҳ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like