Иштирок ва қадршиносии донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳ дар ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд
Ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд дар толори Кохи «Суғдиён» бо иштироки ҷавонони фаъол, намояндагони соҳаи маориф, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва сохторҳои гуногун баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ иштироки фаъолона намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дастгирии ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтара Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст дар пешрафти давлату ҷомеа нақши муҳим доранд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои давлатии ҷавонон, рушди варзиш, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии донишҷӯёни фаъол ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуда истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки панҷ нафар донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба гирифтани Стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд мушарраф гардиданд. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди илму дониш, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қадршиносии фаъолияти донишҷӯёни фаъол арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳасанов Маъруфҷон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома ва туҳфаи раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардид.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон пайваста ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Донишҷӯёни донишгоҳ низ бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро дар рушди ҷомеа мегузоранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





