Баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ

18-уми майи соли 2026 бо ибтикори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид.
Дар семинар мудири кафедра, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Дадоматов Далерҷон ҳозиринро бо мавзуи ҳамоиш шинос намуда, маърузачии асосӣ — профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Низомов Самариддинро муаррифӣ кард.
Ҳамзамон, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ризозода Т.Р. вобаста ба ҷараёни рақамикунонии иқтисодиёт, татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» ва солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои рушди баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, муҳити рақамӣ ва таъсири онҳо ба низоми баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки рақамикунонии иқтисодиёт аз мутахассисони соҳа дониш ва малакаҳои нави рақамиро талаб менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like