ДДҲБСТ: Баргузории озмуни Стипендияи раёсати Донишгоҳ
19 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва тақвият бахшидани донишҳои тахассусиву сиёсии донишҷӯён ва магистрантон озмуни Стипендияи раёсати Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирок карда, ҳамаи онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки имрӯз нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир гардида, муносибати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд бо илму дониши қавӣ, ақлу заковат, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдомҳои бунёдкорона, касбу ҳунари воло ва бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоранд.
Ректори Донишгоҳ аз ҳайати комиссияи озмун даъват ба амал овард, ки ба таъмини шаффофият дар баҳогузорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Тибқи нақша озмун ду рӯз давом карда, дар он донишҷӯён – ғолибони даври аввал аз факултетҳо ва шуъбаи магистратураи Донишгоҳ ширкат меварзанд. Аъзои комиссия аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, дониши сиёсию ҳуқуқӣ, донишҳои тахассусӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба довталабон баҳогузорӣ менамоянд.
Озмуни барои гирифтани Стипендияи раёсати Донишгоҳ баҳри дарёфт ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантон ва докторантон, ки давоми таҳсил ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд ва бо фаъолияти хеш дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи Донишгоҳ ҳиссагузорӣ менамоянд, таъсис дода шудааст.
Тибқи муқаррароти низомнома, нахуст озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ пешниҳод шуданд.
Ҳадафи баргузории озмун дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдоду фаъол ва лаёқатманду ташаббускор арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









