ДДҲБСТ: Баргузории спартакиадаи варзишӣ
Дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон спартакиадаи варзишӣ баргузор гардид
Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон спартакиадаи варзишӣ баргузор шуд.
Мусобиқа дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди варзишӣ доир гардида, ҳадафи асосии он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзишӣ ва густариши ҳамкориҳои дӯстона миёни кормандони соҳаи маориф арзёбӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи спартакиада раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Самизода ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад таъкид гардид, ки варзиш яке аз омилҳои муҳими тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ ва боло бурдани руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ба шумор рафта, баргузории чунин чорабиниҳо барои ҷалби бештари ҷавонону кормандон ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Дар доираи спартакиада кормандони соҳаи маориф аз рӯи чор намуди варзиш — волейбол, шашка, шоҳмот ва тенниси рӯи миз байни ҳам рақобат намуданд. Иштирокчиён маҳорати варзишӣ ва омодагии хуби худро нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош варзиданд.
Тибқи иттилоъ, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

