ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДҲБСТ БО ДОНИШГОҲҲОИ ЧИН
Санаҳои 13–16 майи соли 2026 сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.ф., дотсент Шарипов Комилҷон дар асоси даъвати расмии Донишгоҳи Ланҷоу ва иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Идоракунии давлатӣ ва рушди устувор: муколамаи Чин ва Осиёи Марказӣ» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуд.
Дар кори форум зиёда аз 150 нафар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ширкат варзида, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва табодули академиро баррасӣ карданд.
Дар доираи форум дотсент Шарипов Комилҷон бо роҳбарият ва намояндагони Донишгоҳи Ланҷоу ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин мулоқотҳои судманд анҷом дода, масъалаҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро муҳокима намуд.
Ҳамчунин, намояндаи Донишгоҳ дар ҷаласаи пленарӣ бо маърӯза дар мавзӯи «Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар самти табодули академӣ» баромад кард.
Дар доираи сафари корӣ инчунин бо факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Ланҷоу нишасти корӣ баргузор гардида, ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳо, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди табодули академӣ барои соли 2026 ба мувофиқа расиданд.
Қобили зикр аст, ки ДДҲБСТ дар соли ҷорӣ бо Донишгоҳи Ланҷоу созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки он 14-умин созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

