Баргузории мулоқоту маҳфили илмию тарбиявӣ дар доираи Моҳвораи ҷавонон дар ДДҲБСТ

15 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонон, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва 35- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳ вобаста ба пешгирии ғарқшавии наврасону ҷавонон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ бо ҷавонон сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, подполковник Шодиҷон Розиқов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, подполковник Диловар Маликзода, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, майор Абдураҳим Шаҳидӣ иштирок ва баромад карданд.

Дар оғоз, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Маъруфҷон Ҳасанов чорабиниро ифтитоҳ карда қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Сипас, зимни баромади меҳмонон масъалаҳо оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзиш ва татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  ва  Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид шуд, ки донишҷӯён ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ,  қоидаҳои оббозӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавиро риоя намоянд.

Ҳамчунин, 15 майи соли ҷорӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон дар китобхонаи илмии Донишгоҳ маҳфили илмии донишҷуён дар мавзуи “Ҷавонон- ояндаи миллат”  баргузор гардид.

Дар оғоз, мудири бахши кор бо ҷавонон Диловар Ҷаъфаров баромад намуда, иштирокчиён ва меҳмонони маҳфилро хайрамақдам гуфт.

Ӯ иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд, ки “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”. Роҳбари давлат аз ҷавонони кишвар умеди калон дошта, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоянд.

Дар идомаи маҳфил намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Сардор Абдуллоев,  донишҷӯёни  факултети сиёсатшиносӣ Азиза Раупова дар мавзуи “Молодежь и независимость Таджикистана”, Меҳрона Каримова дар мавзуи “Ҷавонон ва ватандӯстӣ” ва Шоҳина Абдушукурова дар мавзуи “Youth in the  Gentury” маърузаҳои пурмӯҳтаво  намуда, аз ҷониби донишҷӯён  қироати шеър, суруд ва саҳнача иҷро карда шуд.

Дар анҷоми маҳфил мудири китобхонаи илмии Донишгоҳ Гулнора Ҳайдарова  баромад намуда, таъкид намуд,  боиси ифтихор аст, ки ҷавонон-донишҷӯёни Донишгоҳамон татбиқгари барномаҳои мухталифи Ҳукумати кишвар ва пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буданашонро бо дастовардҳои назарраси хеш собит менамоянд. ба донишҷӯён барои маърӯзаҳо изҳори сипос намуд ва донишҷӯёни дигарро барои фаъол будан дар чунин маҳфилҳо даъват кард.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон дар донишгоҳ як зумра мулоқоту вохӯриҳои судманд, мизҳои мудаввару чорабиниҳои маърифатӣ ва озмуну мусобиқаҳои гуногун ташкилу роҳандозӣ гардиданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like