Баргузории мизи мудаввар таҳти унвони “Суғурта ҳамчун омили ҳимояи боэътимоди ҷомеа”
14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон , бо ташаббуси кафедраи кори бонкии факултети молия ва андоз мизи мудаввар таҳти унвони “Суғурта ҳамчун омили ҳимояи боэътимоди ҷомеа” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудирони кафедраҳо, устодону донишҷӯёни факултет ва намояндагони ташкилоти бонкӣ ширкат намуданд.
Дар оғоз, дотсенти кафедраи кори бонкӣ Алимаҳмад Сафаров меҳмононро хайра мақдам гуфта, барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ӯ зикр намуд, ки суғурта ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, дар ҳақиқат омили ҳимояи боэътимоди ҷомеа маҳсуб меёбад. Он дар шароити муосир барои устувории молиявӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандону ташкилотҳо нақши калидӣ дорад. Таъмини ҳимояи боэътимод тавассути низоми суғурта боиси баланд шудани боварии шаҳрвандон ба оянда мегардад.
Дар вохӯрӣ меҳмонон, директори ҶДММ Ташкилоти Суғуртавии “Эсхата Суғурта” Далерҷон Юнусов, муҳосиби ширкат Малоҳат Мансурова ва барномасози ширкат Амирҷон Олимов иштирок ва баромад намуданд.
Зимни баромади меҳмонон иброз гардид, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасли ҳуқуқӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши хизматрасонии суғурта мақоми хеле муҳимро ишғол мекунад. Суғурта дар иқтисоди ҳар як кишвар нақши хеле муҳим мебозад ва яке аз воситаҳои асосии ҳимояи хавфҳои молиявӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои ғайричашмдошт мебошад. Дар маҷмӯъ, рушди низоми суғурта барои таъмини амният, субот ва рушди устувори ҷомеа зарур ва саривақтӣ аст.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронии иштирокчиён анҷом ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
