Ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибони мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибони мусобиқаи варзишии футбол байни донишҷӯёни факултетҳо, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, бо шукуҳу шаҳомати хосса доир шуд.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Аҳмадов Илҳомҷон, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази таълимии футболи Истиқлол» дар вилояти Суғд Ҳайдаров Саидмузаффар, муассиси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази таълимии футболи Истиқлол» дар вилояти Суғд Рабиев Наимҷон ва ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази таълимии футболи Истиқлол» дар вилояти Суғд Шарифзода Азиз иштирок намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ҳозиринро ба муносибати ҷамъбасти мусобиқа ва дастовардҳои варзишии донишҷӯён самимона табрик намуда, таъкид кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар рушди давлату миллат нақши калидӣ дошта, тавассути ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим метавон насли солиму ватандӯст ва соҳибмаърифатро тарбия намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯз варзиш, бахусус футбол, дар Тоҷикистон бо дастгирии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушду тавсеаи бесобиқа ёфта, барои ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки мусобиқаи мазкур на танҳо рақобати варзишӣ, балки саҳнаи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими эҳтироми байниҳамдигарӣ ва рушди рӯҳияи дастаҷамъона байни донишҷӯён ба шумор меравад. Дар ҷараёни бозӣ иштирокчиён маҳорати хуби варзишӣ, интизоми намунавӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро нишон доданд.
Зимни суханронӣ меҳмонон аз иқдомҳои роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати рушди варзиш ва фароҳам овардани муҳити солими ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои таҳкими саломатии ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуб ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи футбол аҳамияти муҳим дорад.
Мусобиқа аз 20 апрели соли равон оғоз гардида, дар фазои рақобати солим, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар баргузор шуд. Дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат дастаи факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ сазовори ҷойи якум гардида, дастаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҷойи дуюм ва тими факултети молия ва андоз мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа медал, диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстиву ҷавононпарварӣ анҷом пазируфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


















