ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН МУАЙЯН ГАРДИДАНД
8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.
Сипас, ғолибони олимпиада ба тариқи зайл эълон гардиданд:
ҷойи 1-ум – 18 нафар;
ҷойи 2-юм – 37 нафар;
ҷойи 3-юм – 60 нафар.
Ҳамчунин, 30 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.
Ғолибони даставӣ:
ҷойи аввал – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
ҷойи дуюм – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ;
ҷойи сеюм – Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҷойи ифтихорӣ – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур бо иштироки 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш – илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд.






































