Иштироки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ дар шанбегӣ
Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист, таҳкими фарҳанги шаҳрдорӣ ва боло бурдани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шанбегии умумидонишгоҳӣ фаъолона иштирок намуд.
Дар ин чорабинӣ устодон, кормандон ва дигар аъзои ҷомеаи меҳнатӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳамдилӣ саҳм гузошта, ба корҳои тозакунии гирду атроф, сабзкорию ободонӣ, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани ҳудуди донишгоҳ машғул шуданд.
Ташкили чунин шанбегиҳо на танҳо ба беҳдошти вазъи экологӣ мусоидат менамояд, балки барои таҳкими ҳамбастагӣ, рушди маърифати экологӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии кормандон низ нақши муҳим дорад.
Роҳбарияти Донишгоҳ аз иштироки фаъолонаи ҷомеаи меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин иқдомҳои созанда ба таври мунтазам роҳандозӣ мегарданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





















