Аввал бубин ҷойи худ баъд…
Тоҷикон аз қадим миллати ориёӣ баҳисоб рафта дорои тамаддун, маданият ва таърихи ҷаҳонгир аст. Ва дар гузашта имрўз миллати тоҷик ба сари халқияте ё нафари мухолифат ва ханҷари душманиро набардоштааст. Ҳатто нобиғагони илму фарҳанги мо дар асарҳои худ оиди миллат ва сифатҳои фарди тоҷик меоварад, ки чунин аст:
Ҳар ки моро ёд кард , эзид мар уро ёд бод,
Ҳар ки моро хор кард дар умр бархурдор бод
Ҳар ки андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, каз боғи васлаш бишкуфад бехор бод.
Дар дуо лам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар ки моро ранҷа дорад роҳаташ бисёр бод.
Пас аз ин байт хулоса баровардан ҷоиз аст, ки ҳукумат мақомот ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба муқобили шахсияте, ва халқияте набаромадааст ва нахоҳад баромад. Зеро ҳокимият ва мақомотҳо на поймолкунандаи ҳуқуқ балки ҳимоятгари ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳар гуна зуҳуроти нопок аз ҷумла қонуншиканиҳо ба мисли терроризму экстримизм ва амсоли инҳо мебошад. Имрўз, ки тавассути расонаҳои хабарӣ оиди низоми идоракунӣ, мақомот, ва шахсиятҳо воқеаҳои охир мақолаҳои бемазмуни чоп гардидааст, ки ба талаботи этикаи инсонӣ мувофиқ намеояд. Зеро мақоли халқие вуҷуд дорад: «Аввал бубин ҷойи худ баъд бимон пойи худ». Хоинони миллат Шумо бо чашми хирад назар намуда, бояд ростро аз каҷ ҷудо намоед. Носипоси ба миллат хоинонро овораву саргардон ва ғарибу лагандбардори хоҷагони хориҷӣ намудааст .
Имрўз аз генерали наҳзативу исёни Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар Рашт ошўб дар зиндони Хуҷанд сухан меравад, ки ҳама ташкилкунандагони он аз шахсиятҳои ба ҷамъият зарарнок буда, зархаридони хориҷӣ мебошанд. Ҳатто бо мақоли ҳалқӣ онҳо ҳамчун террорист Ватан надоранд ва шахсиятҳои беномусанд, ки мақсад ва ҳадафи онҳо нопок буда, ба ҷомеа хатари ҷиддӣ мерасонад, ки ҳама воқифи амалҳои бади инсонии онҳоро худ дар ёд дорад.
Як нуктаи тааҷҷубовар он аст, ки ошӯби генерали наҳзатӣ дар замоне рух дод, ки дар он сӯи Ому ҷангиёни «Давлати исломӣ» кайҳост, ки кӯшиши ба Тоҷикистон ва ба Осиёи Миёна воридшавиро доранд, вале то ҳанӯз чунин имкониятро пайдо накардаанд. Шояд, агар Назарзода метавонист, ки фазои сиёсии Тоҷикистонро ноором созад, барои воридшавии ҷангиёни ДИИШ заминае фароҳам меомад, зеро хоҷагони ҳар ду гурӯҳи ифротгаро якеанд, ки дар Осиёи Марказӣ манфиатҳои геополитикӣ доранд. Беҳуда нест, ки дар ҳамон шаби ошӯби Назарзода баъзе сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дарҳои худро бастанд ва чизеро интизорӣ мекашиданд. Бо шикасти ошӯби Назарзода дар айни ҳол нақшаи ҳамаи онҳо барбод рафт ва бори дигар ба мардуми Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ҳатто камтарин пайванди дину сиёсат барои давлати миллие, ки дар иҳотаи давлатҳои қудратталаб қарор доранд, чӣ паёмадҳои манфие дошта метавонад ва исломи сиёси шуда чӣ чеҳрае дорад.
Нуктаи дигари муҳим он аст, ки давлатҳои қудратманде, ки дар Осиёи Марказӣ манфиати геостратегӣ доранд, ба пойдории низомҳои сиёсии дунявӣ дар ин кишварҳо манфиатдор нестанд. Сабаб дар он аст, ки низомҳои дунявӣ ба паҳншавии ҳаракатҳо ва ақидаҳои динӣ-ифротӣ маҳдудият эҷод менамояд. Барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқанд, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таассуби диниву мазҳабӣ вуҷуд доранд ва барои паҳншавии ақидаҳои ифротӣ замина муҳайё месозанд. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд ва дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият кардани ташкилотҳои диниро талаб карда, аз арзишҳои суннатӣ ҳифз менамоянд, то ки заминае барои низоъҳои динӣ-сиёсӣ ба вуҷуд наояд, нороҳат мешавад ва ин амалҳои қонунӣ ва муътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геополитикӣ сӯистифода намоянд. Аз ин назар низ ҳузури ҳизби сиёсии динӣ дар сохтори давлатӣ барои давлатҳои миллии рушдкунанда метавонад манбаи хатар бошад. Аз ин нигоҳ, содир шудани ҳукми Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ҷавобгӯ ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амну субот дар кишвару минтақа маҳсуб мешавад.
Дар муқобили терроризм ва экстремизм мо аз ватандӯстӣ дида, ҳеҷ қувваи дигари корагареро намедонем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа мо бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли сиёсат, илм ва санъат метавонанд гиранд.
Бурҳонов И.Б. – сармуаллими
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ