Ғолибияти омӯзгорони Донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид.

Устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризозода Тӯра Раббим дар озмуни  “Олими сол” ва докторанти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Мирзокомил Комилов   дар бахши илмҳои гуманитарии озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ғолибият ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки соли равон ба озмуни «Олими сол» 47 парванда  ва ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 101 ҳуҷҷат ворид гардида буд. Ғолибони ин озмунҳо бо Диплом, ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, омӯзгорони Донишгоҳ – мудири кафедраи кори бонкӣ Парвина Бобоева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»   ва магистранти курси дуюми ихтисоси таъриху ҳуқуқи Донишгоҳ Умеда Мирзохоҷаева бо  Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки фаъолона дар озмуни «Магистранти сол» қадршиносӣ гардиданд.

Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз намуд, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо сиёсати созандаю ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро баланд мебардорад.

Таъкид карда шуд, ки дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии давлат, соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ низ тадриҷан рушд меёбад. Дар ин давра дар самти таъмини заминаҳои рушди илм як қатор стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Дар бораи номгӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030», «Стратегияи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошад, ки дар рушди илм нақши муҳим доранд.

Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва имсол «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд. Дар ин замина якчанд озмунҳои ҷумҳуриявии самти илм – «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» низ баргузор карда мешаванд.

Шуъбаи таҳлил  ва робита бо ҷомеа

You might also like