ДДҲБСТ: Вохӯрии судманд дар самти муқовимат ба савдои одамон
22 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027, мулоқоти судманд бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷаҳонгир, намояндаи комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милитсия Беҳруз Бухоризода, сармутахассиси сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухҷон Сафарзода ва коршиноси миллӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон Ҷамшед Ҳайдаров иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озоди кормандони мақомоту ниҳодҳои давлатӣ бо устодону донишҷӯён баҳри таҳкими сулҳу субот муҳим буда, дар пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Сипас, баромадчиён перомуни сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдли одамон ба иштирокчиён маълумот доданд. Аз ҷониби маърӯзачиён доир ба объекти навъӣ ва бевоситаи савдои одамон, шаклҳои тарафи объективӣ, ҷанбаҳои зеҳнӣ, иродавӣ ва аломатҳои субъекти савдои одамон гузориш пешниход гардид.
Қайд шуд, ки савдои одамон бо мақсади истисмор, ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи таҳдиди зӯрӣ ё истифодаи он ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, рабудан, қаллобӣ, фиреб, суиистифодаи мансаб ё ҳолати заифӣ, ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт, фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад, мебошад. Хариду фурўши одам бошад анҷом додани аҳди дутарафаи музднок, ки ба супоридани одам аз ҷониби шахси ўро дар асоси қонунӣ ё ғайриқонунӣ таҳти вобастагиаш қарордода ба шахси дигар бар ивази подош равона шудааст.
Пас аз пешниҳоди маълумот дар мавриди пешгирии қонуншиканиву амалҳои номатлуб иштирокчиён ба маърӯзачӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо изҳор карда шуд, ки ташкили мулоқоти судманд дар мавзуъҳои мубрами рӯз бо доираи васеи устодону донишҷӯён омили муҳим дар рохи пешгирии зухуроти номатлуб маҳсуб ёфта, ҳадафи баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии донишҷӯёну кормандон ва ба ин васила ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати коҳиш додани ин падидаи номатлуб мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



















