ДДҲБСТ: Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ»

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ”, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва Рӯзи илми тоҷик ташкил ва баргузор гардид. Дар кори конференсия коршиносон, олимону муҳаққиқон, мутахассисони соҳа, устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат варзиданд.

Ҷаласаи пленарии конференсияро ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки баргузории Ҳафтаи илм дар Донишгоҳ ба як анъанаи устувор ва пурмазмун табдил ёфтааст. Ин анъана на танҳо барои ҷамъбасти дастовардҳои илмии яксола, балки барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи фаъолияти илмӣ низ аҳамияти калон дорад. Имсол ин чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва дорои аҳамияти таърихӣ баргузор мегардад, зеро он ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи илми тоҷик ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия рост меояд.

Дар ҳақиқат, истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконияти беназир фароҳам овард, ки роҳи рушди мустақилонаи худро интихоб намояд. Дар ин раванд, илму маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувор ва пешрафти ҷомеа эътироф гардид. Бо дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар, таваҷҷӯҳу пуштибониҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз соҳаи илм ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Муассисаҳои илмӣ-таълимӣ бо инфрасохтори муосир таъмин гардида, шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорон ва муҳаққиқон фароҳам оварда шудааст, иброз намуд Мӯминзода Ш.А.

Дар идомаи кори конференсия муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад намуда, иброз дошт, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ин марказ имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён ва муҳаққиқон дар шароити муосир ба фаъолияти илмӣ машғул гардида, лоиҳаҳои инноватсионии худро амалӣ намоянд.Дар чунин шароит, вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир мебошад. Мо бояд на танҳо донишҳои назариявиро интиқол диҳем, балки малакаҳои амалӣ, тафаккури интиқодӣ ва қобилияти истифодаи технологияҳои муосирро дар донишҷӯён ташаккул диҳем, илова шуд дар идома.

Инчунин дар идомаи кори ҳамоиш профессори кафедраи  ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат ба коррупсия ДДҲБСТ Назира Ғаффорӣ дар мавзуи “Рушди парламентаризми миллӣ ва дипломатияи парламентӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол”, дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ Аслам Каримӣ оид ба “Дастовардҳои илми фалсафаи тоҷик дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ”, дотсенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ Шифоатхон Шарипова дар мавзуи “Саноатикунонии истеҳсолот – омили муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ”, муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ  Аълохон Бобозода оид ба “Рақамикунонии низоми таҳсилот: мушкилот, самаранокӣ ва дурнамои рушд”, магистранти Донишгоҳ Умеда Мирзохоҷаева дар мавзуи “Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Истиқлолият” маърӯзаҳо намуда, андешаҳои хешро иброз доштанд.

Зимни баромади маърӯзачиён қайд гардид, ки солҳои охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ва татбиқи онҳо ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳони муосир технологияи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ бо суръати баланд пеш рафта, моро водор мекунад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додани иншоотҳои муосир, муассисаҳои инноватсионӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисосро роҳандозӣ намоем ва ба иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун муҳаррики аслии рушди кишвар такя намоем.

[21.04.26 14:22] Сино Гафури: Танҳо тавассути ба роҳ мондани ҳамаи ин омилҳо, мо метавонем дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазир бошем ва ояндаи дурахшони насли ояндаро таъмин намоем.

Дар қисми дигари маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик як қатор кормандону устодон барои заҳматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимӣ ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Бояд зикр кард, ки кори конференсия тибқи барнома дар бахшҳо идома ёфта, дар он олимону мутахассисони соҳа ва омўзгорону донишҷӯён маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like