Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ташкил ва баргузор гардид.
Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷўёну кормандон ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ аз рўи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо роҳандозӣ шудааст.
Дар оғоз, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод, таҳқиқи илмҳои дақиқ ва малакаи ихтироъкориву навоварӣ имконоти мусоидро фароҳам оварда, дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми арзандаро сазовор гаштааст.
Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамчун як ташаббуси созанда дар баланд бардоштани шавқи таҳқиқотӣ ва илмомӯзии ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро фаро мегирад.
Тибқи нақша – чорабинии тасдиқгардида дар донишгоҳ моҳи апрели соли ҷорӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, математика, география, химия ва биология ташкил ва баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150 нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, байни ҳам рақобат варзиданд.
Мувофиқи натиҷаи санҷиш ва муайян намудани тафаккури техникии довталабон, баҳогузории аъзои ҳакамони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз руи номинатсияҳои дар боло зикршуда, донишҷуёни беҳтарин ба даври шаҳрӣ роҳхат хоҳанд гирифт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like