Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ДДҲБСТ
15 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид. Дар озмуни мазкур намояндагони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, раёсати Донишгоҳ, аъзоёни ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.
Озмун бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, таҳти № АП – 711 ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, роҳандозӣ шуда, аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир шуд.
Дар озмуни мазкур донишҷӯён – ғолибони даври факултетӣ байни ҳам рақобат намуданд. Бояд зикр намуд, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг, санъати тасвирӣ ба инобат гирифта шуданд. Дар даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 15 нафар донишҷӯён иштирок карда, дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибон муайян ва ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ дар арафаи моҳвораи ҷавонон қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита ҷомеа






















