ДДҲБСТ: Такмили низоми аттестатсия ва риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа
15 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ таҳти унвони «Такмили низоми аттестатсия ва риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа» баргузор гардид.
Дар семинар муовини раиси Комиссия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир, мудирони шуъбаҳо — Каримзода Мавзуна Асламҷон, Шоҳмуродзода Заррина, Шарифзода Дурандеш, инчунин намояндагони шуроҳои диссертатсионӣ, олимону муҳаққиқон ва дигар масъулин иштирок намуданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ифтитоҳ кард.
Сипас, зимни суханронӣ Шарифзода Мумин Машокир ҳадаф ва аҳаммияти баргузории семинарро тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки чунин иқдомҳо дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд. Мавсуф ба масъалаҳои такмили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти диссертатсионӣ, риояи талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Қайд гардид, ки рушди соҳаи илму маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, бо дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти илм ва беҳтар гардидани шароити фаъолияти кормандони соҳа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамзамон, Каримзода Мавзуна ва Шарифзода Дурандеш оид ба тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон, риояи талаботи марбут ба диссертатсия ва автореферат, инчунин дигар ҷанбаҳои муҳими ҳуҷҷатнигории илмӣ маълумоти муфассал ироа кард. Дар идома иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҷоми семинар маросими тантанавии тақдими дипломҳои дараҷаҳои илмӣ баргузор гардид. Дар он ба як қатор омӯзгорону муҳаққиқон дипломҳои докторӣ ва номзадӣ супорида шуд, ки нишони эътирофи саҳми арзандаи онҳо дар рушди илму маорифи кишвар мебошад.
Зимни маросим Шарифзода М. ва ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода таъкид намуданд, ки ноил гардидан ба дараҷаҳои илмӣ натиҷаи заҳмати пайгирона, масъулияти баланд ва талошҳои пайвастаи омӯзгорон дар роҳи омодасозии мутахассисони рақобатпазир мебошад.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ доир гардида, ба соҳибони дипломҳо барои идомаи фаъолияти пурсамари илмӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои нав орзуҳои нек изҳор карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




















