ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДДҲБСТ ДАР ФЕСТИВАЛ–НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10 апрели соли 2026 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд фестивал–намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлдатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, муаррифии имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар, табодули таҷриба ва ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат роҳандозӣ шуда, таваҷҷуҳи зиёди довталабон, донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маорифро ба худ ҷалб намуд.
Дар чорабинии мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода иштирок ва баромад карданд. Ҳамчунин роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои ватаниву хориҷӣ ширкат доштанд.
Дар ин фестивал–намоишгоҳ гӯшаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ бо тарҳи ҷолиб ва мазмуни ғанӣ ташкил гардида, фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва байналмилалии Донишгоҳ ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд. Дар гӯшаи Донишгоҳ дастовардҳои устодону донишҷӯён, барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таҳсил ва заминаи моддию техникии муосир ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон, самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ бо муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла барномаҳои табодули академӣ, лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва имкониятҳои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар, ба меҳмонон ва иштирокчиён муаррифӣ гардиданд.
Иштироки фаъолонаи намояндагони Донишгоҳ дар ин чорабинӣ далели равшани рушди робитаҳои байналмилалӣ ва талошҳои пайваста ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Фестивал–намоишгоҳи мазкур ба густариши ҳамкориҳои судманд, дарёфти шарикони нав ва таҳкими мавқеи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



