ДДҲБСТ: Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”
Дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «“Шоҳномахонӣ” доир гардид.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии донишҷӯён, ҷалби муҳассилин ба китобхонӣ ва азхудкунии осори бузургону арҷгузорӣ ба китоб роҳандозӣ шудааст.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Фурқат Ҳомидзода перомуни аҳамияти фарҳангию маърифатӣ ва нуфузу мақоми ин озмуни шӯҳратёр сухан кард. Қайд гардид, ки бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму маърифат рӯз ба рӯз рушд намуда, миқдори ширкаткунандагони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бештар мегарданд.
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ва такмили захираи луғавӣ гузаронида шуд.
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” аз ҷониби раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











