Тозагии муҳит ва ҳифзи он вазифаи мост
Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити Донишгоҳ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин иқдоми ҷамъиятӣ роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, саҳни биноҳои таълимӣ, роҳравҳо, гулгаштҳо ва атрофи донишгоҳро тозаву озода намуданд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди меҳнатдӯстӣ ба ҷамъоварии партовҳо, рӯбучин, обёрии дарахтону гулҳо ва ба тартиб даровардани майдонҳои сабз машғул гардиданд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин шанбегиҳо ба зебоиву ободонии муҳити Донишгоҳ мусоидат намуда, ҳамзамон ҳисси муҳаббат ба муҳити зист ва фарҳанги шаҳрнишиниро дар байни ҷавонон тақвият мебахшад.
Масъулини Донишгоҳ таъкид намуданд, ки тозагӣ ва ободонӣ яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, саҳмгузорӣ дар чунин корҳои ҷамъиятӣ барои ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, муҳим ва ибратбахш мебошад.
Дар анҷоми шанбегӣ муҳити Донишгоҳ боз ҳам тозатару зеботар гардида, иштирокчиён изҳори омодагӣ карданд, ки минбаъд низ дар чунин иқдомҳои ободонӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

















