ДДҲБСТ: Баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

06 марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона роҳбарият, устодону кормандон, донишҷӯён, собиқадорон ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода оғоз гардид. Ӯ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрик гуфта, нақши бузурги занону модаронро дар таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа, тарбияи насли солим ва рушди кишвар махсус таъкид намуд. Ректор зикр кард, ки модар сарчашмаи зиндагӣ, мураббии нахустини инсон ва чароғи роҳнамои ҳар як фарзанд мебошад.
Таъкид гардид, ки Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои муқаддас ва зебои фарҳанги миллии тоҷикон буда, ба фасли эҳёи табиат – оғози баҳори нозанин рост меояд. Ин рӯз рамзи муҳаббат, гармии қалб, покӣ ва садоқат ба ҳисоб рафта, мақоми модар ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат ва асоси тарбияи инсонро боз ҳам барҷаста менамояд.Зикр шуд, ки маҳз аз оғӯши гарми модар эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба бузургон, ғамхорӣ нисбат ба наздикон ва масъулиятшиносӣ оғоз мегардад. Модар бо меҳрубонӣ ва фидокории худ на танҳо фарзанд, балки ҷомеаро тарбия намуда, дар ташаккули шахсияти инсон нақши ҳалкунанда мебозад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занон дар ҷомеаи муосири тоҷик рӯз ба рӯз боло рафта, барои фаъолияти босамари онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зикр карда шуд, ки имрӯз занону бонувони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дар рушди муассиса саҳми назаррас доранд. Айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 300 нафар занону бону фаъолият дошта, наздик 100 нафар аз онҳо дорои унвонҳои илмӣ мебошанд. Онҳо дар самтҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва рушди фаъолияти илмӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамчунин аз шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 2562 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Духтарони донишгоҳ дар баробари ҷавонписарон дар олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, конфронсҳои илмӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои назарраси худ нуфузи донишгоҳ ва номи Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров номаи табрикотии раиси вилояти Суғдро ба самъи иштирокчиён расонид. Дар паёми табрикотӣ модарону бонувони Донишгоҳ бо эҳтироми баланд ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гардида, аз хизматҳои арзишманди онҳо дар тарбияи насли наврас, рушди илму маориф ва пешрафти ҷомеа ёдоварӣ карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ як зумра собиқадорон, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ бо Сипосномаҳо, Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ низ хеле хотирмон баргузор шуда, бо иҷрои суруду таронаҳо, қироати шеърҳо ва барномаи рангини адабию фарҳангӣ ҳусни анҷом пазируфт. Ҳунармандону донишҷӯён бо барномаҳои ҷолиб фазои идонаро боз ҳам гарму хотирмон гардониданд.
Чорабинӣ дар фазои самимият, эҳтиром ва қадршиносии занону модарон баргузор гардида, бори дигар мақому манзалати баланди онҳоро дар ҷомеа ва нақши созандаи онҳо дар рушди илму маориф ва тарбияи насли ояндасози кишвар таъкид намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like