ДДҲБСТ: Ҷамъбасти “Ҳафтаи дарҳои кушод” ва маросими қадршиносии ғолибони “Интернет – олимпиада” байни хатмкунандагон

28 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон “Ҳафтаи дарҳои кушод” ҷамъбаст шуда, ғолибони “Интернет-олимпиада” дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар рӯзи охирини “Ҳафтаи дарҳои кушод” низ хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ДДҲБСТ ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои донишгоҳ аз наздик шинос шуданд. Дар “Ҳафтаи дарҳои кушод” ҳамчунин хатмкунандагон аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ва дарсҳои намунавии устодон дидан карда, бо шароиту имкониятҳои Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳ ва дигар биноҳои таълимии ин муассисаи бонуфузи касбии олӣ дидан намуданд.

Дар маросими қадршиносӣ роҳбарон ва намояндагони Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, раисон ва намояндагони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои молиявиву бонкии ҳамкор, омӯзгорон, хатмкунандагон ва ғолибони олимпиада иштирок карданд.

Дар оғози маросими қадршиносии ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон ректори Донишгоҳ  Шероз Мўминзода  иброз дошт, ки мақсад аз ташкилу ба роҳ мондани “Ҳафтаи дарҳои кушод” ва “Интернет- олимпиада” ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи вилоят Самизода Мӯсобек баромад намуда, перомуни ин чорабинии муҳим барои хатмкунандагон ибрози андеша кард.

Иттилоъ дода шуд, дар Ҳафтаи дарҳои кушод, ки санаи 23 феврал дар Донишгоҳ оғоз гардида, то ба имрӯз идома ёфт. Дар ин муддат хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамроҳи омӯзгорони хеш ба ДДҲБСТ ташриф оварда, бо шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо аз наздик шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳ аз  01 феврал то  23 феврал даври аввали “Интернет-олимпиада”-и хатмкунандагон баргузор гардида, дар ин давра хоҳишмандон тавонистанд тариқи воридшавӣ ба сомонаи Донишгоҳ иштирок намуда, дониши хешро аз рӯи намунаҳои саволномаҳои ММТ барои дохил шудан ба донишгоҳ санҷиданд. Дар умум дар чорабиниҳои “Ҳафтаи дарҳои кушод” ва “Интернет-олимпиада” беш аз 15 ҳазор хатмкунандагон тариқи маҷозиву ҳузурӣ ширкат намуданд.

Ғолибони олимпиада дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳои арзишманд аз қабили ноутбук, телевизор, планшет, телефону дигар туҳфаҳои зиёди арзишманди раёсати донишгоҳ ва ташкилоту муассисаҳои ҳамкор қадршиносӣ шуданд.

Инчунин, ғолибони олимпиада бо туҳфаҳои хотиравии шарикони ҳамкори ДДҲБСТ аз қабили КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд,  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, ҶДММ “ Фаровон-1”, ҶСП “Ҳумо Бонк”, ҶСК “Тавҳидбонк”, ҶСК “Алиф Бонк”, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд ва ҶДММ “Чўҷаи Байзо” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар маросими қадршиносӣ дар доираи “Ҳафтаи дарҳои кушод” ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ тақдим гардид.

  Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like