ДДҲБСТ: Баргузории даври донишгоҳии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
27 феврали соли 2026 дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даври донишгоҳии озмуни мазкур байни донишҷӯён доир гардид.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии донишҷӯён, ҷалби муҳассилин ба китобхонӣ ва азхудкунии осори бузургону арҷгузорӣ ба китоб роҳандозӣ шудааст.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Фурқат Ҳомидзода перомуни аҳамияти фарҳангию маърифатӣ ва нуфузу мақоми ин озмуни шӯҳратёр сухан кард. Қайд гардид, ки бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму маърифат рӯз ба рӯз рушд намуда, миқдори ширкаткунандагони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бештар мегарданд.
Тибқи нақшаи баргузории озмун, дар факултетҳои Донишгоҳ зиёда аз 130 нафар омӯзгорону донишҷўёни фаъол аз рӯи 5 номинатсияи озмун ширкат варзида, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Дар маҷмўъ, аз тамоми иштироккунандагони озмун, ки зиёда аз 130 нафарро ташкил медод, аз тарафи ҳайати ҳакамони озмун 58 нафар, аз онҳо 50 нафар донишҷў ва 8 нафар омӯзгор ба даври донишгоҳӣ роҳ дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии донишҷӯён, ҷалби муҳассилин ба китобхонӣ ва азхудкунии осори бузургону арҷгузорӣ ба китоб роҳандозӣ шудааст.
Ғолибони озмун муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
