Ташкили намояндагии кафедраҳои омӯзгории ДДҲБСТ дар назди коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, намояндагии кафедраҳои омӯзгории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар назди Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод таъсис дода шуд.
Маросими ифтитоҳи намояндагӣ бо иштироки намряндагони ДДҲБСТ, масъулони соҳаи маорифи ноҳияи Зафаробод, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки таъсиси чунин намояндагӣ ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, баргузории семинару тренингҳо ва баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон мусоидат хоҳад кард.
Ҳадафи асосии намояндагӣ — фароҳам овардани заминаи мусоид барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, татбиқи таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ ва таҳкими робитаи назария бо амалия мебошад. Ин иқдом инчунин барои ҷалби хатмкунандагони коллеҷ ба идомаи таҳсил дар зинаи бакалавриат ва магистратураи ДДҲБСТ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Масъулон изҳор доштанд, ки дар доираи фаъолияти намояндагӣ баргузории дарсҳои кушод, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, машваратҳои методӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ташкили намояндагии кафедраҳои омӯзгории ДДҲБСТ дар назди Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод қадами муҳим дар самти рушди низоми таҳсилоти касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба шумор меравад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




