Математикаи муосир ва усулҳои таълими он
25 феврали соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд дар Литсейи №1 ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд конференсияи сайёри илмию амалӣ таҳти унвони «Математикаи муосир ва усулҳои таълими он» баргузор гардид. Чорабинӣ ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида шуда, ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва такмили методикаи таълими фанҳои риёзӣ равона гардид.
Нақши калидӣ дар ташкили ҳамоиш ба ҳайати устодону олимони ДДҲБСТ тааллуқ дошта, конференсия ҳамчун идомаи сиёсати Донишгоҳ дар самти густариши робитаҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва таҳкими пояҳои назариявию амалии таълим арзёбӣ гардид.
Кори конференсия бо маърӯзаи мушовири Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов оғоз ёфт. Дар идома устодони ДДҲБСТ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва таҳлилӣ баромад намуданд.
Аз ҷумла, дотсенти ДДҲБСТ Мавлуда Асророва дар мавзӯи «Саҳми омӯзгор дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим» нақши омӯзгори муосирро дар ташаккули тафаккури мантиқӣ, рушди қобилияти таҳлилӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ баррасӣ намуд.
Профессори ДДҲБСТ Ёдгор Мӯҳсинов дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Усулҳои таълими интеграли муайян» роҳу усулҳои самараноки шарҳи мавзӯъҳои мураккаби таҳлили математикӣ, истифодаи мисолҳои амалӣ ва тарзи ташаккули малакаҳои ҳисоббарории донишҷӯёнро пешниҳод кард. Мавсуф таъкид намуд, ки омӯзиши амиқи бахшҳои таҳлили математикӣ заминаи асосии тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ба шумор меравад.
Ҳамчунин, дотсенти ДДҲБСТ Мадина Муродова дар мавзӯи «Таълими математика дар ДДҲБСТ» доир ба таҷрибаи Донишгоҳ дар самти мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи муосир, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва таҳкими корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён ибрози назар намуд. Зикр гардид, ки ДДҲБСТ ба масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Дар баробари ин, профессор ва дотсентҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ бо маърӯзаҳои илмии худ дар кори конференсия саҳм гузоштанд, ки ин ҳамкорӣ аз ҳамбастагии муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят дарак медиҳад.
Дар ҷараёни ҳамоиш миёни омӯзгорони ДДҲБСТ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва дигар иштирокдорон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Масъалаҳои такмили барномаҳои таълимӣ, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш, омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳо ва баланд бардоштани шавқи онҳо ба фанҳои риёзӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин конференсияҳои сайёр бо ибтикори ДДҲБСТ барои таҳкими робитаи “мактаб – донишгоҳ”, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил мусоидат менамояд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар раванди таълим ва ташкили ҳамоишҳои муштарак дар оянда иброз доштанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








