Паём – раҳнамои рушди устувори давлат
25 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти муҳим оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ баррасии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, тавзеҳи нуктаҳои асосии Паём ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба татбиқи амалии он дар заминаи илмӣ ва маърифатӣ буд.
Дар мулоқот ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди устувори кишварро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Ӯ таъкид кард, ки рушди соҳаи маориф, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рақамикунонии иқтисод, дастгирии соҳибкорӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ҷомеаи донишгоҳиро вазифадор месозанд фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Фирдавс Ҳусейнзода зимни баромади худ ба масъалаҳои таҳкими қонуният, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки Паём ҷавононро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, кору фаъолият ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар заминаи устувор мегузорад.
Декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Шӯҳрат Саидзода дар суханронии худ аҳаммияти сиёсиву байналмилалии Паёмро таҳлил карда, иброз дошт, ки сиёсати хориҷии мутавозин ва дарҳои боз, ки дар Паём таъкид гардид, ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Ӯ инчунин нақши муҳими таҳқиқоти илмӣ ва таҳлили амиқи равандҳои геосиёсиро дар шароити муосир муҳим арзёбӣ кард.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои боэътимоди рушди устувори давлат тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои таъмини суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ ва беҳбудии иҷтимоии аҳолӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Иштирокдорон омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои дар Паём зикршуда изҳор намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар муҳити донишгоҳӣ манзур карда шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














