Ифтитоҳи Маркази рушди касбияти кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти рус дар МТМУ №19

Дар доираи густариши ҳамкориҳои илмию амалӣ ва таҳкими робита бо муассисаҳои таълимӣ, бо ибтикори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и шаҳри Хуҷанд Маркази рушди касбияти кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти рус ифтитоҳ гардид.
Ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар самти татбиқи амалии барномаҳои таълимии ихтисосҳои омӯзгории Донишгоҳ, аз ҷумла ихтисосҳои “Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик” ва “Омӯзгори забон ва адабиёти рус” ба шумор меравад. Ҳадафи асосии таъсиси он фароҳам овардани замина барои ташаккули салоҳиятҳои касбӣ, методӣ ва коммуникативии донишҷӯён дар шароити воқеии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Марказ ҳамчун пойгоҳи доимии таҷрибаомӯзии таълимгирандагон фаъолият намуда, имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён дар раванди таълим фаъолона иштирок намоянд.
Зимни маросими ифтитоҳ намояндагони роҳбарияти Донишгоҳ, омӯзгорони кафедраҳои марбута, донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ ва масъулони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 иштирок намуда, аҳамияти таъсиси марказро дар омода намудани омӯзгорони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки таҷрибаомӯзии ҳадафманду босифат заминаи асосии ташаккули маҳорати педагогӣ, фарҳанги нутқ, малакаҳои методӣ ва масъулияти касбии омӯзгори оянда мебошад.
Дар доираи фаъолияти марказ баргузории семинарҳои методӣ, машғулиятҳои кушод, дарсҳои муштарак, мизҳои мудаввар ва тренингҳои такмили ихтисос ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом ба таҳкими робитаи назария ва амалия, ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимии Донишгоҳ бо талаботи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ мусоидат хоҳад кард.
Таъсиси Маркази рушди касбият ҳамчун марҳилаи нави ҳамкориҳои муассир миёни Донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ арзёбӣ гардида, дар рушди иқтидори касбии донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ нақши калидӣ хоҳад дошт.

                                                                                                                Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like