Иди Артиши миллӣ муборак!

«Аз ибтидои таъсиси худ то имрўз Артиши миллии мо дар амри барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир ва таҳсинро анҷом дод». Э.Раҳмон.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз дар остонаи 33-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорем ва таърихи пуршарафи фаъолияти ин ниҳоди тавонои давлатӣ ва миллӣ, ки ҳамчун рукни асосии давлатдории мо ва сипари боэътимоди сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият мекунад, ёдовар мешавем.

33 сол қабл, дар солҳои бисёр мушкил ва тақдирсоз барои давлат ва миллат, мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қувваҳои мусаллаҳи кишварро таъсис доданд. Аз он замон то имрӯз Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амният ва устувории давлатдории миллӣ саҳми муҳим гузоштааст.

Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд: «Аз ибтидои таъсиси худ то имрўз Артиши миллии мо дар амри барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир ва таҳсинро анҷом дод». Ин суханони муҳтарам Пешвои миллат на танҳо арзёбии таърихӣ, балки намунаи ҳақиқии рисолати афсарону сарбозони мо мебошад.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба як сохтори боэътимод ва тавонои давлат табдил ёфта, дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, таъмини амният, ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муассир мебозанд. Ҳукумати кишвар ҳамеша ҷиҳати тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу Ватан ва таъмин бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ чораҳои амалӣ меандешад.

Боиси ифтихор аст, ки тамоми хизматчиёни ҳарбӣ аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз рисолати касбиву қарзи ватандӯстонаи худро бо шуҷоату садоқат иҷро намуда истодаанд. Артиши миллӣ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ низ қарзи ватандории хешро бо далерӣ ва садоқат ба иҷро расонид, ки натиҷаҳои он имрӯз дар таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат возеҳан мушоҳида мешавад.

Миллати тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳ, таҳаммулгаро ва ватандӯст буда, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҳамеша яке аз омилҳои асосии устувории давлат ва пойдории Артиши миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо итминон гуфта метавонем, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва омодагӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Ҷашни 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни касбӣ ва расмӣ, балки ҷашни сулҳу оромӣ, ваҳдат ва устувории давлат мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ ҳамаи мо бояд ин нерӯи тавоно ва хизматҳои шуҷоату далери аскару афсарони Ватанро қадр намоем ва барои рушди минбаъдаашон ҳамаҷониба талош кунем.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми кӯшишро равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ барои ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа.

You might also like