Муаммоҳои экологӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти муосир

09 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Ҳафтаи кафедраи маркетинг–агробизнес таҳти унвони «Муаммоҳои экологӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти муосир» баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии кафедраи мазкур роҳандозӣ шуда, дар он омӯгорон ва донишҷӯёни факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ фаъолона иштирок карданд.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода, декани факултет Ҷамшед Туразода, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва тақвияти фаъолияти лабораторияҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ таъкид гардид, ки дар доираи ҳафта семинарҳо, дарсҳои кушод, конференсия ва вохӯриҳо бо соҳибкорони муваффақ баргузор мегарданд.

  Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like