Таҷлили ҷашни Сада дар факултетҳои Донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада аз ҷониби кафедраҳои кори бонкӣ ва фанҳои ҷамъиятӣ чорабинии тарбиявӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии идона меҳмонон, мудирони кафедраҳо, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳо иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинии тарбиявӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Норматова, мудири кафедраи кори бонкӣ Парвина Бобоева ва мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Аслам Каримӣ иброз шуд, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми хешро гузоштаанд. Расму ойинҳо ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат карданд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию модии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.
Қайд гардид, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб дар пеш аст, ки маҷмӯан теъдоди шабу рӯз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд.
Дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва чи нек аст, ки дар таи чанд соли охир он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.
Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: “Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад”.
Дар чорабинии идона духтарону бонувони факултетҳо бо аз бар намудани либосҳои миллӣ, оростани хони идона ва қироати шеъру гуфторҳо ба ҳусни тантанаҳои ҷашнӣ таровати дигар зам карданд.

                                                                                             Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like